Завқи васлат ба ҳеҷ ҷон нарасад
Шарҳи рӯят ба ҳар забон нарасад
Сари зулфат ба даст чун орм
Дасти мӯрӣ ба осмон нарасад
Бо сари зулфати ту ду олам ро
Сари як мӯӣ имтиҳон нарасад
Нарасад буии зулфи ту ба дилам
То ки кори дилам ба ҷон нарасад
Моҳ хоҳад ки чун рухи ту буд
Умрҳо гардад ва бидон нарасад
Пеши хатат ки роиҷаст ба хӯн
Ҳечкасро хат амон нарасад
То қиёмат чу тӯтии хати ту
Ҳеҷ тӯтӣ шкрФшон нарасад
Ақлро зоби зиндагонии ту
То намирад зи худ нишон нарасад
Гарчи кас нест чу ту мӯии миён
Ҳар ду кунати фаро миён нарасад
Корвон тавонад халқу зи ту
Беш гардӣ ба корвон нарасад
Бирасад сад ҳазор бораи ҷаҳон
Ки назири ту дар ҷаҳон нарасад
Васли ту чун ба ҷон наме ёбанд
Ба чу ман кас ба ройгон нарасад
Оташи ишқи ту чу шуъла занад
Ҳеҷ касро аз ӯ амон нарасад
То абади дили з суд баргирад
Ҳар киро дар раҳат зиён нарасад
Кардаам дили кабобу ашки шароб
Ки маро чун ту миҳмон нарасад
Он замони кат ба ҷон бихоҳам ҷуст
Бирасад ҷон ва он замон нарасад
То ки атторро баён ту ҳаст
Ҳеҷ гӯяндаро баён нарасад