Ҳар ки дар бодияи ишқи ту саргардон шуд
Ҳамчуи ман дар талабат бесар ва бесомон шуд
Бесару пой аз онам ки дилами гӯии сифат
Дар хами зулф чу чавгони ту саргардон шуд
Ҳар ки аз соқии ишқи ту чу ман бода гирифт
Бе худ ва бехирад ва бехабар ва ҳайрон шуд
Солики роҳи ту беному нишони аўлитр
Дар раҳи ишқи ту бо ном ва нишон натавон шуд
Дар манозили манишин хез ки он кас бинад
Чеҳраи мақсаду мақсӯд ки то поён шуд
То абади каси надиҳади ному нишон аз ваии боз
Дил ки дар сояи зулфи ту чунин пинҳон шуд
Ҳасанати имрӯзи ҳамеи байнам ва сад чандон аст
Лоҷарам дар дили ман ишқи ту сад чандон шуд
Шодам эй дӯст ки дар ишқи ту душворӣ ҳо
Бар ман имрӯз ба иқболи ғамат осон шуд
Бар сари нафаси нуҳуми пой ки дар ҳолати рақс
Марди роҳ аз сари ин арбадаи даст афшон шуд
Рӯ ки дар мамлакати ишқи сулаймонии ту
Дев нафаст агар аз васваса дар фармон шуд
Ҳамчуи аттори дарин дард бисоз ар мардӣ
Кон набад мард ки ӯ дар талаб дармон шуд