Ҳар ки дар роҳи ҳақиқат аз ҳақиқат бенишон шуд

Муқтадоӣ олам омад пешвои инс ва ҷон шуд

Ҳар ки мӯе огаҳаст аз хештан ё аз ҳақиқат

ӯ зи худ берун наомад чун ба назд ӯ тавон шуд

Он хабар дорад азуи кӯ дар ҳақиқат бе хабари гашт

Ваон асар дорад ки ӯ дар бенишоне бенишон шуд

То ту дар исботу маҳвии мубталоеи фаррухи он кас

Кӯи азин ҳар ду канории ҷусту ногуҳ аз миён шуд

Гум шудан аз маҳв , пайдои гаштан аз исбот то кӣ

Марди онро дон ки чун мардони варои ин ва он шуд

Ҳар ки аз исбот озод омад ва аз маҳви фориғ

Ҳарчӣ будаш орзӯ то чашм барҳам зад аён шуд

Ҳаст боли мурғи ҷони исботу париши маҳви мутлақ

Болу пар фаръ аст бификан то туоне асл ҷон шуд

Тан дар исботасту ҷон дар маҳви азин ҳар ду буруни шӯ

Конки азин ҳар ду бурун шуд ӯ азиз ҷовдон шуд

Онкӣ берун шуд азин ҳар ду ниҳону ошкоро

Кӣ тавон гуфтан ки ин каси ошкоро ё ниҳон шуд

То халосӣ ёфт аттор аз миёни ин ду дарё

Ғарқаи дарёии дигари гашту доим Комрон шуд