Чаҳ донистам ки ин дарёӣ бепоён чунин бошад

Бухораш осмон гардад кафи дарё замин бошад

Лаби дарёи ҳама куфрасту дарёи ҷумлаи дайни дорӣ

Валикини гавҳари дарёи варои куфр ва дайн бошад

Агар он гавҳару дарё ба ҳам ҳар ду ба дасти оре

Тўро он бошад ва ин ҳам вале на он на ин бошад

Яқин май дон ки ҳам ҳар ду буд ҳам ҳечяк набӯд

Яқин набӯд гумон бошад гумон набӯд яқин бошад

Дарин дарё ки ман ҳастам на ман ҳастам на дарёи ҳам

Надонад ҳечкас ин сари магари он кӯ чунин бошад

Агар хоҳии казин дарёи вазин гавҳари нишони ёбӣ

Нишоне набӯдат ҳаргиз чу нафаст ҳамнишин бошад

Агар сад соли рӯзу шаби риёзат май кашии доим

Мабош эмини яқин май дон ки нафаст дар камӣн бошад

Чу ту нафасии зи сар то пой кӣ донеи камоли дил

Камоли дил касе донад ки мардии роҳ байн бошад

Ту соҳиби нафасӣ эй ғофили миёни хоки хӯн май хур

Ки соҳибдил агар заҳрӣ хӯрд он ангабин бошад

Надонад кард соҳиби нафаси кори ҳеҷ соҳибдил

Вагар гуяд тавонам кард Иблис лъин бошад

Агар хоҳӣ ки бишносӣ ки корӣ ростин ҳастат

Қадам дар шаръ муҳкам кун ки карт ростин бошад

Агар аз нуқтаи тақвои бигардади як дамати дида

Сазоӣ дида гардӣда майл оташин бошад

Ту эй аттор муҳкам кун қадам дар ҷодаи маънӣ

Ки андари хотами маънии лақои ҳақ нигин бошад