Қӯти бори ишқи ту мураккаб ҷон наме кашад
Равшании ҷамоли ту ҳар ду ҷаҳон наме кашад
Бори ту чун кашад дилам гарчи чу тир рост шуд
Зонка камон чун туе бозуӣ ҷон наме кашад
Куну макон чаҳ мекунад ошиқи ту ки дар раҳат
Наъраи ошиқони ту кун ва макон наме кашад
Номи туу нишони ту чун ба забони бароварам
Зонка нишону номи ту ном ва нишон наме кашад
Роҳи ту чун ба саркашам зонка зи даврии раҳат
Роҳи ту аз рўндгони кас ба карон наме кашад
Дар раҳи ту ба қарнҳо чархи давиду дам назд
То раҳи ту ба сар нашуд худ ба миён наме кашад
Гашти Фарид дар раҳати сӯхтаи ҳамчуи пашша Эй
Зонка зи нури шамъи ту раҳ ба аён наме кашад