Дар ишқ ба сар нахоҳам омад

Бо доман тар нахоҳам омад

Бехеш шудам чунон ки ҳаргиз

Бо хеш дигар нахоҳам омад

Аз ҳалқаи ошиқон бе дил

Як лаҳза бадар нахоҳам омад

То ҷон дорам зи ишқи ҷонон

Як зарра ба сар нахоҳам омад

Дар ишқ чунон шудам ки кас ро

Зини пас ба назар нахоҳам омад

Дар сӯхтагӣ чу оташами ман

Зини сӯхта тар нахоҳам омад

Чун нест шудам маро чаҳ бок аст

Гар хоҳам вагар нахоҳам омад

Пари сӯхтаи бодам ар дарин роҳ

Чун мурғ ба пар нахоҳам омад

Аттори марои ҳиҷоб роҳ аст

Бо ӯ ба сафар нахоҳам омад