Корам аз ишқи ту ба ҷон омад

Дилам аз дард дар фиғон омад

То май ишқ ту чашид дилам

Аз баду нек бар карон омад

Аз сари ному нанг ва рӯйу риё

Бо сари дард ҷовдон омад

Солҳо дар раҳат қадамҳо зад

Умрҳо бар пят давон омад

Шаб нахуфт ва ба рӯзи норомид

То з ҳастӣ худ ба ҷон омад

Вази ту касро дамии дарин водӣ

Бехабар буд ва бенишон омад

Чун зи мақсӯд худ надидам буи

Суди умрами ҳама зиён омад

Дили ҳайвон чу мард кор набӯд

Чун занони пеш дигарон омад

Дайни ҳафтод сола дод ба бод

Марди майхона ва Муғон омад

Кам зан ва ҳамнишин риндон шуд

Саги мардон кордон омад

Бо хроботёни дардии каш

Хирқа биниҳод ва дар миён омад

Чун ба имон наомадӣ дар даст

Кофариро ба имтиҳон омад

Тарк дайн гуфт то магар бе дайн

Бўк дар хӯрд ту тавон омад

Дили аттор чун забони дарбаст

Аз баду нек дар карон омад