Ақл дар ишқи ту саргардон бимонад
Чашми ҷон дар рӯй ту ҳайрон бимонад
Заррае саргаштагии ишқи ту
Рӯзу шаб дар чарх саргардон бимонад
Чун надид андари ду олами муҳаррамӣ
Офтоб рӯй ту пинҳон бимонад
Ҳар ки чавгони сари зулф ту дид
Ҳамчуи гӯйӣ дар хам чавгон бимонад
Пойу сар гум кард дил то кор ӯ
Чун сари зулфи ту бепоён бимонад
Ҳар ки икдми он лаб ва дандон бидид
То абади ангушт дар дандон бимонад
Ҳар ки ҷусти оби ҳаёти васли ту
Ҷовдон дар зулмат ҳиҷрон бимонад
Вар касеро васл додӣ бе талаб
Доимо дар дард бедармон бимонад
Вар касеро бо ту як дам даст дод
Умр ӯ дар ҳар ду олам он бимонад
Ҳосили аттор дар савдои ту
Дидае гирёни дилӣ бирён бимонад