Ошиқон чун ба ҳуш боз оянд
Пеши маъшӯқ дар намоз оянд
Пеши шамъи Рахш чу парвона
Сар бибозанд ва сарфароз оянд
Дар ҳавоӣ ки зарра хуршед аст
Пар бароранду шоҳ боз оянд
Бар бисотӣ ки ишқ ҳоким ӯст
Ҷон бибозанду пок боз оянд
Гоҳ чун субҳ бар ҷаҳони хнднд
Гоҳ чун шамъ дар гудоз оянд
Гоҳ аз шавқи парда дар гирданд
Гоҳ аз ишқи парда соз оянд
Ин ҳамаи пардаҳо бар оройанд
Бӯ ки дар пардаи аҳл роз оянд
Чу накӯи бенгарӣ ба кори ҳама
Оқибати боз дар ниёз оянд
Ин ҳамаи корҳо ба ҷои оранд
Бӯ ки дар хӯрд длнўоз оянд
Моҳи руъёи ҳамаи асир ту анд
Чанд дар шеб ва дар фароз оянд
То ба кӣ бе ту хӯн дил резанд
То ба кӣ бе ту зер газ оянд
Вақти номад ки ошиқони пешат
Аз сари сад ҳазор ноз оянд
Парда баргир то ҷаҳонии ҷон
Пои кӯбон ба парда боз оянд
Ошиқоне ки ҳамчу атторанд
Дар раҳи ишқ бемуҷоз оянд