Зулфи ту ки фитнаи ҷаҳон буд

Ҷонами брбўду ҷои он буд

Ҳар дил ки зъшқи ту хабар ёфт

Сад ҷонаш ба ройгони гарон буд

Мурдаи дили он касе ки ӯ ро

Дар ишқи ту зиндагӣ ба ҷон буд

Гуфтам дили хеш хӯн кунам ман

Каз дасти дилами басии зиён буд

Ногоҳ кашида дошт дастам

Чун пои ғами ту дар миён буд

Гар ман додам амони дилам ро

Дилро зи ғами ту кӣ амон буд

Гуфтам ки даҳони ту бубинам

Худ аз даҳанат киро нишон буд

Ҳаргиз нарасед ҳеҷ ҷое

Онро ки ғами чунон даҳон буд

Гуфтӣ ки чигунае ту бе ман

Донеи ту ки бе ту чун тавон буд

зи онрўз ки як замонат дидам

Сад солаи ғамам ба як замон буд

Бар хок дарат нишаста аттор

То буд зи ишқ ҷон фишон буд