Марди як мӯии ту фалак набӯд

Муҳаррами кӯии ту малик набӯд

Моҳи ду ҳафта гарчи ҳаст тамом

Аз ҷамоли ту ҳафт як набӯд

Чун ҷамоли ту ошкор шавад

Ҳама бошӣ ту ҳеҷ шак набӯд

Малики ҳасани офтоб рӯй тўро

Бо касе низ муштарак набӯд

Натавон дид заррае рухи ту

То ду олами ду мардумак набӯд

Ончӣ дар зарра зарра ҳаст аз ту

Дар замин нест дар фалак набӯд

Лек чун зарра дар ту маҳв шавад

Маҳвро заррае брк набӯд !

Зари хуршеди зарра зарра шавад

Агараш холи ту маҳак набӯд

Ҳечкасро дар офариниши ҳақ

Дар шукри ин ҳама намак набӯд

Сари зулфат ба чин расед аз ҳинд

Ҳечкасро чунин изк набӯд

Гар хск дар раҳ ман андозӣ

Чун ту андозӣ он хск набӯд

Ҳарчӣ аттор дар сифот ту гуфт

Бар маҳаки ҷовдонаш ҳак набӯд