Касе кӯ хеш бинад банда набӯд

Вагар банда буд бинанда набӯд

Ба худ зинда мабош эй бандаи охир

Чаро шабнам ба дарё зинда набӯд

Ту ҳастӣ шабнамӣ дарёб дарё

Ки ҷузи дарёи туро доранда набӯд

Дарин дарё чу шабнами поки гуми шӯ

Ки ҳар кӯ гум нашуд донанда набӯд

Агар дар худ Бамоне ношудаи гум

Туро ҷовиди кас ҷӯянда набӯд

Ту май тарсӣ ки дар дунёи мудомат

Бисозӣ аз бақо афканда набӯд

Вуҷӯди ҷовдони хоҳӣ , ндонӣ

Ки гул чун гули басӣ поянда набӯд

Вуҷӯди гул ба болой гул омад

Ки султонии мақом банда набӯд

Тўро дар нав шудани ҷома ки орад

Агар бар қади ту зебанда набӯд

Чаҳ мегӯям чу ту ҳастӣ надорӣ

Тўрои ҷуз нестӣ ёбанда набӯд

Агар хоҳӣ ки доим ҳаст гардӣ

Ки дар ҳастӣ тўро монанда набӯд

Фурӯи шӯ дар раҳи маъшӯқи ҷовид

Ки ҳаргизи рафтае оянда набӯд

Дар оташ кӣ расад шамъи фусурда

Агар шаб то саҳар сӯзанда набӯд

Фалак ҳаргиз нагардад муҳаррами ишқ

Агар сар то қадам гарданда набӯд

Ҳар он Кебекӣ ки қӯт боз гардад

Вароӣ ӯ касе паранда набӯд

Чаҳ май гӯйии ту эй аттори охир

Ба олам дар чу ту гӯянда набӯд