Ҳар ки сайд чун ту дилдорӣ шавад

Оҷизӣ гардад гирифторӣ шавад

Ҳар ки хори мижа ту бингарад

Ҳар гулӣ дар чашм ӯ хорӣ шавад

Боз чун гулбарг рӯй ту бидид

Бешакаш ҳар хор гулзорӣ шавад

Шери дили пеши намакдони лабат

Чун ба ҷон ояд ҷигар хорӣ шавад

Гар лабат дар абр хандад ҳамчуи барқ

Абр то маҳшар шкрборӣ шавад

Дар тавофи нуқтаи холати зи шавқ

Чархи саргардон чу пургорӣ шавад

Мис агарчӣ зар тавонад шуд валек

Васфи хати ту чу бисёре шавад

Пеши сарсабзии хатати зоштёқ

Зар кунад бадрӯд ва зангорӣ шавад

Сарфарозии кӯи сари зулф ту дид

То биҷунбад срнгўнсорӣ шавад

Майли зулфи ту ба тарсоеаст аз онк

Гуҳи чилипои гоҳ зуннорӣ шавад

Гӯи биёу мазҳаби зулфи ту гир

Ҳар ки мехоҳад ки диндорӣ шавад

Гар фурӯшӣ бар ман ғмкши ҷаҳон

Ҳар сар мӯем харидорӣ шавад

Ҳар ки ӯ дили зиндаи ишқ ту нест

Гар ҳама машкаст мурдорӣ шавад

Нест осони ҳеҷ кори ишқи ту

Зон ба тани бурдан чу душворӣ шавад

Пай чу гум карданд кори ишқ ро

Ошиқии кӯ каз пай корӣ шавад

Ишқро ҳаргиз намонад равнақӣ

Ҳар касегар соҳиб асрорӣ шавад

Сад ҳазорон қатра гардад нопадид

То яке зон дар шҳўорӣ шавад

Чун касеро буи набӯд зини ҳадис

Кӣ шавад мумкин ки атторӣ шавад