Ҳарчӣ дар ҳар ду ҷаҳон ҷонон намӯд
Ту яқин май дон ки он аз ҷон намӯд
Ҳаст ҷонатро дарӣ аммо ду рӯй
Дӯст аз ду рӯй ӯ ду ҷаҳон намӯд
Кард аз як рӯй дунёи ошкор
Ваз дигар рӯй охират пинҳон намӯд
Охирати он рӯйу дунёи ин дигар
эй аҷаби як чизи ин ва он намӯд
Ҳар ду олам нест беруни зини ду рӯй
Ҳарчӣ он душвор ё осон намӯд
Дар миёни ин ду дарбанди азим
Чун нигаҳ кардам яке айвон намӯд
Як дараш дунёу дигари охират
Балки ду кунаш чу ду даврон намӯд
Бози пурсидами зи дили кон қаср чист
Гуфт хилвати хона ҷонон намӯд
Гуфтам охири қасри султони ҷони мост
Ҷон намӯд ин қаср ё султон намӯд
Гуфт доим бар ту султонаст ҷон
Боргоҳи хеш дар ҷон зон намӯд
Партав ӯ бе ниҳояти аўФтод
Лоҷарам беҳад ва бепоён намӯд
То абадгар пешгирӣ роҳи ҷон
Зарра Эй натавонӣ аз пишон намӯд
Пуртӯии кони давр буд он куфр буд
Вонкаҳи он наздик буд имон намӯд
Чанд гӯям ин ҷаҳон ва он ҷаҳон
Аз ду рӯй ҷон ҳаме натавон намӯд
Гирди ҷон дар гирд чун мардони басӣ
То туоне ишқро бурҳон намӯд
Дар ҷаҳони ҷони басӣ саргашта анд
Камтарини як чарх саргардон намӯд
Май рӯ ва як дами мёсо аз равиш
Кин сафар дар рӯҳ ҷовидон намӯд
Гар тўро афтод як соъати диранг
Сад диранг аз олам ҳиҷрон намӯд
Ҳамчуи гӯйии гашти саргардони мудом
Ҳар ки худро марди ин майдон намӯд
Худ дар ин майдон фурӯ шуд ҳар ки рафт
Вонкаҳи як дам монад ҳам ҳайрон намӯд
То абад дар дарди ин , аттор ро
Зарраи зарраи кулба аҳзон намӯд