Як шукр зон лаб ба сад ҷон ме диҳад
Алҳақ арзад зонка арзон ме диҳад
Ошиқи шӯридаро ҷонасту бас
Лаъл ӯ мебинад ва ҷон ме диҳад
Қӯти ҷони онро ки хоҳад дар ниҳон
Зон ду ёқӯт дроФшон ме диҳад
Шева Эй дорад аҷаб дар дилбарӣ
Ишваи пайдои бӯса пинҳон ме диҳад
Ошиқи гирёни худро ме кашад
Хўнбҳо зон лаъл хандон ме диҳад
Чашми бадро чашм ӯ бар хоки роҳ
намекашад чун бод ва қурбон ме диҳад
Гар ду чашмаш мекашад зон бок нест
Чун ду лаълаши об ҳайвон ме диҳад
Ошиқонро ҳар парешоне ки ҳаст
Зон сари зулф парешон ме диҳад
Ҳар замонии олимии саргашта ро
Сари сӯии водӣ ҳиҷрон ме диҳад
Май бибояд шасти даст аз ҷони хеш
Ҳин ки васлаши даст осон ме диҳад
Аз камоли некуии он тундхуӣ
Бар сипеҳри тунд фармон ме диҳад
Ҷон сетанд ҳар ки аз вай дод хост
Дод мазлӯмони азин сон ме диҳад
Як сухан гуфтааст бо аттори талх
Ҷони ширин бесухан зон ме диҳад