Ҳар киро донаи нори ту ба дандон ояд

Ҳар дам аз чашмаи Хизраши мадад ҷон ояд

Кӯи Сикандар ки лаби чашма ҳайвон дидам

То ба аҳди ту сӯии чашма ҳайвон ояд

Ақли саркаш чу бибинад лабу дандони ту ро

Пеши лаъли лаби ту аз бен дандон ояд

Ҳар ки дар ҳол шуд аз зулфи парешонати дамӣ

Ҳол ӯ чун сари зулфи ту парешон ояд

Вонкаҳ бар турраи зеру зибрати дасти кушод

Аз пас ва пеш бирав новак мижгон ояд

Чун сари зулфи ту аз машк шавад чавгони соз

Ҳамчуи гӯйии сари мардонаш ба чавгон ояд

Сари мардони ҷаҳон дар сари чавгон ту шуд

Марди кӯ дар раҳи ишқат ки ба майдон ояд

Дар раҳи ишқи ту саргашта бимонадем ва ҳануз

Нест умед ки ин роҳ ба поён ояд

Монад аттор кунун чашм ба раҳи гӯш ба дар

То зи наздики ту эй моҳ чаҳ фармон ояд