Чу аз ҷайбаши ма тобон барояд

Хурӯш аз гунбад гардон барояд

Басии гул дидаам аммо зи рӯйиш

Ба вақти шарми сад чандон барояд

Агар андешаи як рӯза ӯ

Бигӯям бо ту сад девон барояд

Бадв гуфтам ки эй гулчеҳра магузор

Ки аз гулнори ту райҳон барояд

Марои гуфто ки хуш бошад ки сабза

зи гирди чашма ҳайвон барояд

Хати сабзам ба чустии сурхӣеи ҷуст

Сазадгар аз гул хандон барояд

Хатам гар менахоҳӣ низ мгарӣ

Ки бе шаки сабза аз борон барояд

Ҷаҳони сўзои зи пардагар броиӣ

Дамор аз халқ саргардон барояд

Фурӯ шуд рӯзи ман як шаб барам ой

Ки то кори ман ҳайрон барояд

Маро бо шер шуд меҳри ту дар дил

Аҷаб набӯд агар бо ҷон барояд

зи ман ҷони хостӣ ва нест душвор

Бидиҳ як бӯса то осон барояд

Зиҳии зулфати гирифтаи гирди олам

зи бими зулфи ма пинҳон барояд

Чу зулфи кофарат дар кор ояд

Басои муъмин ки аз имон барояд

Дилам дар чоҳи зиндон фироқ аст

Надонам то кӣ аз зиндон барояд

зи як мӯии сари зулфати расани соз

Ки то зини чоҳ бепоён барояд

Агар аттор бӯе ёбад аз ту

Дилаши зини водӣ ҳиҷрон барояд