Дилбарами рух кушода ме ояд
Тоб дар зулф дода ме ояд
Дар дили санги лаъл май бандад
Кӯи чунин лаб кушода ме ояд
Шаҳсавори сипеҳр аз пай ӯ
намеравад кӯ пиёда ме ояд
Зулф барҳам фиканда ме гузарад
Халқи барҳам фитода ме ояд
эй аҷаб чашм ӯст масту хароб
Вази лабаши буи бода ме ояд
Пеши сарсабзии хаташ чу қалам
Ақли кул бар чакода ме ояд
Моҳ сар дарфиканда ме гузарад
Чарх бар сар ситода ме ояд
Офтобӣ ки саркашаст чу теғ
Бар хаташи сар ниҳода ме ояд
Дар сафоташи зи баҳри ҷони Фарид
Гуҳари пок зода ме ояд