То офтоб рӯй ту мишкӣни ниқоби баст

Ҷонро шаб андар омаду дил дар азоби баст

Тарсид зулфи ту ки кунад чашми бади асар

Хуршедро зи пардаи мишкӣни ниқоби баст

Ногоҳ офтоби рахт теғ баркашид

Пас теғи тез дар ттқи машки ноби баст

Гар чеҳраи ту дар нгшодии футуҳ ро

Май хости турраи ту раҳи фатҳи боби баст

Олам ки буд тиратар аз зулфи ту басӣ

Рӯй ту кард равшан ва бар офтоби баст

То ҳаст рӯй ту ки сар офтоб дошт

То ҳаст оби Хизр ки дил дар сароби баст

Як шуълаи оташ аз рухи ту бар ҷаҳон фитод

Сайлоби ишқ дар дили муштии хароби баст

Бас дар шигифт омадаам то маро ба ҳукм

Чашмат чигуна ҷуст ба як ғамзаи хоби баст

Дар хат шудам зи лаъли лабат то даҳони ту

Аз қуфли лаъл чу дар дар хўшоби баст

Ҷодӯ шунидаам ки бибандад ба ҳукми об

Ваон буд наргиси ту ки бар рӯем оби баст

Наққоши сунъро ҳамаи лутфи ту буд қасд

Бар гул навишт нақши ту ва бар гулоби баст

Чун хаймаи ҷамоли ту аз пеши брФгнд

Аз зулфи анбарин ту бар ваии таноби баст

Ҷонӣ ки гашт хайма нишин ҷамоли ту

Якборагӣ дар ҳаваси ҷоҳу оби баст

Мискини Фарид каз ҳамаи олами дилӣ ки дошт

Бигусасти пок ва дар ту ба сад изтироби баст