Ҳангом сабӯҳ омад эй ҳам нафасон хезед
Ёрони мувофиқро аз хоб барангезед
Ёрон ҳама муштоқанд дар орзӯии як дам
намедар фикан эй соқӣ аз масти нпрҳизид
Ҷомӣ ки тиҳӣ гардад аз хӯни дилам пар кун
Вонгаҳ май софиро бо дарди мёмизид
Чун рӯҳи ҳақиқиро афтод май андари сар
Ин нафаси бҳимиро аз дор дар овезед
Хокӣ ки насиб омад аз ҷаври фалаки мо ро
Он хок ба чанг оред бар фарқ фалак резед
Ёрони қадими мо дар мавсими гули рафтанд
Хӯни ҷигари худро аз дида фурӯ резед
Аттор гурезонаст аз суҳбати нои аҳлон
Гар айн аён хоҳед аз халқ бипарҳезед