Агар хуршеди хоҳӣ соя бигзор
Чу модар ҳаст шер доя бигзор
Чу бо хуршеди ҳам так метавон шуд
зи пас дар так задан чун соя бигзор
Чу ҳамсояаст бо ҷони ту ҷонон
Бидиҳ ҷону ҳақ ҳамсоя бигзор
Туро сармоя ҳастӣ балое аст
Зиёнат суд кун сармоя бигзор
Чу мардони ҷавшан ва шамшер баргир
Нае охир чу зан пероя бигзор
Фалак таштасту ахтари хоя дар ташт
Хаёли илми ташт ва хоя бигзор
Фурӯтар пояи ту арш аълост
Ту бартари рӯи фурӯтар поя бигзор
Фарид аз моя ҳастӣ ҷудо шуд
Ту ҳам мардии шӯ ва ин моя бигзор