Аз пас пардаи дил дӯш бидидам рухи ёр

Шудам аз даст ва бирафт аз дили ман сабру қарор

Кор ман шуд чу сари зулфи сиёҳаши дарҳам

Ҳоли ман гашт чу холи рух ӯ тирау тор

Гуфтам эй ҷон шудам аз наргиси масти ту хароб

Гуфт дар шаҳр касе нест зи дастами ҳушёр

Гуфтам ин ҷон ба лаб омад зи фироқати гуфто

Чун ту дар ҳар тарафӣ ҳаст марои куштаи ҳазор

Гуфтам андари ҳарами васли туами мأўӣ буд

Гуфт андари ҳарами шоҳ киро бошад бор

Гуфтам аз дарди ту дил нек шавад , гуфтои не

Гуфтам аз ранҷ раҳад боз , бигуфто душвор !

Гуфтам аз дасти ситамҳои ту то кӣ нолам

Гуфт то доғи муҳаббат будат бар рухсор

Гуфтам эй ҷони ҷаҳон чун ки марои хоҳии сӯхт

Бикашам зуди вазин беш марои ранҷаи мадор

Дар пас парда шуд ва гуфт маро аз сари хашм

Ҳарзаи зин беш магӯ кор ба ман бозгзор

Гар кашами зор ва агар зинда кунам ман донам

Дар раҳи ишқи туро бо ман ва бо хеш чаҳ кор

Ҳосилат нест зи ман ҷузи ғаму саргардонӣ

Хӯни хур ва ҷон кун азин ҳастӣ худ дил бурдор

Чун ки аттори азин шеваи ҳикоёти шунӯд

Дардаш афзӯн шуд азин ғуссау ранҷиш бисёр

Бо рухи зарду дами сарду сари пари савдо

Бар сари кӯии ғамаши мунтазири як дидор