Нест маро ба ҳеҷ рӯ , бе ту қарор эй писар

Бе ту ба сар намешавад , зини ҳамаи кор эй писар

Субҳ дамиду гули шкФт , аз паии айши дам ба дам

Чанг бисоз эй санам , бода биор эй писар

То ки азин хумори ғам , хӯни ҷигар буд маро

Ҳин башикан зи хӯни хам , ранҷи хумор эй писар

Чанд ғам ҷаҳон хӯрам , чун ним аҳли ин ҷаҳон

Бода биор то кунам , зуди гузор эй писар

Ман чу ба тарки ному нанг , аз дил ҷон бигуфта ам

Чанд ба зуҳд хонем , даст бидор эй писар

Чун ба шумори каси ним , сар ба ҳавои бароварам

То нкнндм аз ҷаҳон , ҳеҷ шумор эй писар

Нест марои зи ҳечкас , ҳайбати ним ҷӯи зи ман

Ҳаст марои яке шуда , минбару дор эй писар

Ҷони Фарид аз нифоқ , нанг ба ном халқ шуд

Пас ту зи шарҳи ҳоли худ , нанги мадор эй писар