Қиблаи зарроти олам рӯй туаст
Каъбаи авлоди одам кӯй туаст
Майли халқ ҳар ду олам то абад
Гар шиносанд ва агар не сӯй туаст
Чун ба ҷузи ту дӯст натавон доштан
Дӯстии дигарон бар буи туаст
Ҳар парешоне ки дар ҳар ду ҷаҳон
Ҳаст ва хоҳад буд аз як мӯӣ туаст
Ҳар куҷо дар ҳар ду олами фитна Эй аст
Трктози турра ҳиндӯӣ туаст
Паҳлавонон дарат бас бе диланд
Дил надорад ҳар ки дар паҳлавӣ туаст
Нест пинҳони онкӣ аз ман дили рабӯд
Ҳаст ҳамчун офтоби он рӯй туаст
Ақл чун Тифли раҳи ишқи ту буд
Ширхор аз лаъли пар лؤлؤӣ туаст
Тирбороне ки чашмат ме кунад
Бар дилами пайваста аз абрӯӣ туаст
Гуфтам абрӯят агар тоқам фиканд
Ин гуноҳи наргис ҷодӯӣ туаст
Гуфтам эй оқил бирав чун тири рост
Кини камони ҳаргиз на бар бозуӣ туаст
Ин ҳамаи аттори давр аз рӯй ту
Дард аз он дорад ки бедоруӣ туаст