Офтоби ошиқон рӯй ту бас
Қиблаи саргаштагони кӯии ту бас
Трктоз ҳар ду оламро ба ҳукм
Як гиреҳ аз зулфи ҳиндӯии ту бас
Оби ҳайвонро барои қӯти ҷон
Як шукр аз дарҷи лўлўии ту бас
Ҷумлаи ушшоқро сармоя ҳо
Тоқ овардани зи абрӯии ту бас
Сад сипоҳи ақли пеши андеш ро
Як хаданг аз ҷазаъи ҷодӯии ту бас
Шермардонро шикори омухтан
Аз хаёли чашми оҳӯии ту бас
Онкӣ ӯ бар бод хоҳад дод дил
Як вазидани бодаш аз сӯии ту бас
Дар раҳи торики зулфати ақл ро
Равшании як зарра аз рӯй ту бас
Даргузаштам аз сар ҳар ду ҷаҳон
Зонка моро як сари мӯии ту бас
Гар зи атторат бадӣ дидӣ бапуш
Узри хоҳиш рӯй некӯии ту бас