Дӯш омад ва гуфт аз он мо бош

Дар бутаи имтиҳон мо бош

Гар хоҳӣ буд зиндаи ҷовид

Зинда ба вуҷӯди ҷон мо бош

Умрӣаст ки то аз он хешӣ

Гар вақт омад аз он мо бош

Мардона ба кӯии мо фурӯди ой

Наъраи зан ва ҷон фишон мо бош

Гар муҳаррами пишгаҳ нае ту

Ҳам суҳбати остон мо бош

Парида зошёни мое

Ҷӯяндаи ошён мо бош

Аз нанги вуҷӯд худ бипарҳез

Фонии шӯ ва бенишон мо бош

Раҳ натавонӣ ба худ баридан

Дар паҳлавии паҳлавон мо бош

То кӣ хуфтӣ ки корвон рафт

Дар рустаи корвон мо бош

Чун май доне ки ҷумла моием

Бо ҷумла магӯ забон мо бош

Чун аъҷминди халқи ҷумла

Ту бо ҳамаи тарҷумон мо бош

То чанд зи достони аттор

Мустағриқи достон мо бош