Гар марди раҳеи з раҳравон бош

Дар пардаи сари хӯн ниҳон бош

Бингар ки чигуна раҳ супурданд

Гар марди раҳеи ту он чунон бош

Хоҳӣ ки висоли дӯсти ёбӣ

Бо дидаи дарой ва безабон бош

Аз банди насиб хеш бархез

Дарбанди насиб дигарон бош

Дар кӯии қаландарӣ чу симурғ

намебош ба ном ва бенишон бош

Бигузар ту азин ҷаҳони фонӣ

Зинда ба ҳаёт ҷовдон бош

Дар як қадами ин ҷаҳон ва он низ

Бигзор ҷаҳон ва дар ҷаҳон бош

Мангар ту ба дидаи тасарруф

Беруни зи ду куни ин ва он бош

Аттори з муддаӣ бипарҳез

Рӯ гӯша нишин ва дар миён бош