Чун дарбастааст дарҷи нопадидаш

Ба як бӯса тавон кард калидаш

Шукр дорад лабаш ҳаргиз намирӣ

Агар як зарра битавонӣ чашидаш

Надид аз худ сари як мӯӣ бар ҷой

Касе каз давр ва аз наздик дидаш

Магари таррорӣ бисёр ме кард

Каманди туррааш зон сар буридаш

Агар набӯд каманди турра ӯ

Ки ёради сӯии худ ҳаргиз кашидаш

Агарчӣ ӯ ҷаҳони бФрўхт бар ман

Ба сад ҷони ҷони прхўнми харидаш

зи ҷони безори шӯ дар ишқи ҷонон

Агар хоҳӣ ба ҷой ҷон гузидаш

Дилам ҷое расед аз ишқи рӯйиш

Ки кор аз ғам ба ҷон хоҳад раседаш

Агар бар гӯям эй аттори он ғам

Казу дил хӯрд натавонӣ шунидаш