эй лаби ту нигини хотами ишқ
Рӯй ту офтоби олами ишқ
Ту зи ушшоқи фориғу шабу рӯз
Кори ушшоқ бе ту мотами ишқ
Натавон хӯрд бе ту обии хуш
Ки ҳаромаст бе ту ҷузи ғами ишқ
То абад хатм кард чеҳраи ту
Салтанат дар ҷаҳони хуррами ишқ
Дар сафи дилбарон ба сртизӣ
Сар ҳар мижаи ту рустами ишқ
Ҷони ман чун ба ишқи ту зинда аст
Нест мумкин гирифтанам кам ишқ
Натавонад намӯд сад дами сувар
Растхезии чунон ки як дами ишқ
Подшоҳон кун дарбонанд
Дар саропардаи муаззами ишқ
Сад ҳазорон ҳазор қарни гузашт
Кас наомад ҳануз муҳаррами ишқ
Дар ду олам нашуд мусаллами кас
Ончӣ ҳар дам шавад мусаллами ишқ
Сарнигӯн шуд асоси муҳками ақл
Дар камоли асоси муҳками ишқ
Ҷони онро ки захм ишқ расед
Хастагӣ беш шуд зи марҳами ишқ
Дили аттор чун гули наврӯз
Тозагӣ медиҳад зи шабнами ишқ