Ҳар ки доим нест нопарвои ишқ
ӯ чаҳ донад қимати савдои ишқ
Ишқро ҷонӣ бибояд биқрор
Дар миёни фитнаи сари ғавғои ишқ
Ҷумла чун имрӯз дар худ монда анд
Кас чаҳ донад қимати фардои ишқ
Дидае кӯ то бибинад сад ҳазор
Волау саргашта дар саҳрои ишқ
Баси сари гарданкашон кандар ҷаҳон
Паст шуд чун хоки зерипои ишқ
Дар ҷаҳон шӯридагон ҳастанд ва нест
Ҳар ки ӯ шӯрида шуд шайдои ишқ
Чун ки нест аз ишқи ҷонатро хабар
Кӣ буд ҳаргизи туро пурвои ишқ
Ошиқон донанд қадари ишқи дӯст
Ту чаҳ доне чун нае донои ишқ
Чашми дили охири замонӣ боз кун
То аҷоиби бинӣ аз дарёи ишқ
Дар нишеби нестии ороми гир
То барорандат ба сари болои ишқ
Хез эй аттору ҷон эсор кун
Зонка дар олами туе мавлои ишқ