Чун кунам маъшӯқ айёр омадаст

Дашна дар кафи сӯй бозор омадаст

Дашна ӯ ташнаи хӯн дил аст

Лоҷарами хўнриз ва хунхор омадаст

Ҳамчунон кони писта май резади шукр

Ҳамчунон он дашна хўнбор омадаст

Ҳаст тарк ва ман ба ҷони ҳиндӯӣ ӯ

Лоҷарам бо теғ дар кор омадаст

Субҳдам ҳар рӯз бо карбосу теғ

Пеши теғ ӯ ба зинҳор омадаст

Оина бар рӯй худ ме доштаст

То ба худ бар ошиқ зор омадаст

Аз висол ӯ касе кӣ бархӯрд

Кӯ ба ишқи худ гирифтор омадаст

ӯ зи ҷумла фориғаст ва ҳар касе

Андарин даъвӣ падедор омадаст

Лек чун ту бенгарӣ дар роҳи ишқ

Қисм ҳар каси маҳз пиндор омадаст

Ошиқ ӯу ишқ ӯ маъшуқа ӯст

Кистӣ ту чун ҳама ёр омадаст

Ҷуз Фноӣӣ нест чун ме бингарам

Ончӣ аз ваии қисм аттор омадаст