То ки ишқи ту ҳосил афтодаст
Кори мо сахт мушкил афтодаст
Об аз дидаҳо аз он борем
Коташи ишқ дар дил афтодаст
Дар азали пеш аз офариниши ҷисм
Ҷон ба ишқи ту моил афтодаст
Ҷон на танҳост ошиқи рӯят
Пои дил низ дар гул афтодаст
Соликони яқин рӯй ту ро
Боргоҳи ту манзил афтодаст
Ман расидам ба васл бе васфат
Ақлро рой ботил афтодаст
Кас нагӯяд ки ин чаро ваз чист
Зонка ин сар мушкил афтодаст
Фитнаи аттор дар ҷаҳони афканд
Чоҳ , морут Бобул афтодаст
Дили аттор бар дилат мислӣ
Мурғакии ним бсмл афтодаст