Субҳ барандохт ниқоб эй ғулом

Май даҳ ва бархез зи хоб эй ғулом

Ҳамчуи гулам бар сари оташи нишонд

Шавқи шароб чу гулоб эй ғулом

Бенамакӣ чанд кунӣ бодаи нӯш

Вази ҷигарами хоҳи кабоб эй ғулом

Давр бигардон ва шитобӣ бикун

Чанд кунад умри шитоб эй ғулом

Ҷони ман сӯхтаи дилро дамӣ

Зинда кун аз ҷоми шароб эй ғулом

Об ҳаётаст май ва ман чу шамъ

Мурдаи дилам бе май ноб эй ғулом

Аз қадаҳи бодаи дилам зинда кун

То барраади ҷони зи азоб эй ғулом

Чун дили аттори зи ту тофта аст

Тофтаро низ мтоб эй ғулом