Ошиқи лаъли шкрбори туам

Фитнаи зулфи нигунсори туам

Ҳеҷ корам нест ҷузи андӯҳи ту

Рӯзу шаби пайваста дар кори туам

Бар ман бедил ҷаҳон мафруш аз онк

Каз миёни ҷони харидори туам

Ту чу хуршедӣ ва ман чу зарра ам

Кӣ ман мискини сазовори туам

Гуфтае кам гири ҷон дар ишқи ман

Кам гирифтам чун гирифтори туам

Гар бихоҳӣ рехти хӯнам бок нест

Ман дарин хӯни рехтани ёри туам

Ҷони ман дарбанди сад андӯҳи бод

Гар ба ҷони дарбанди озори туам

Бар дил ва ҷонам макун зӯр эй санам

Каз дилу ҷони ошиқи зори туам

Чун падед омад рахт аз зери зулф

То бидидам нопадедори туам

Зулфи мишкӣни бргшоӣу барфашон

Каз сари зулфи ту аттори туам