Дар хатат то дил ба ҷон дар баста ам
Чун қалам зон хати миён дар баста ам
Дар тамошои хати сарсабзи ту
Чашми бигушодаи фиғон дар баста ам
Не ки аз хатат забонам шуд зи кор
Зон чунин доими забон дар баста ам
Ту чунин пистаи даҳон ва ман зи шавқ
Гарчи май сӯзами даҳон дар баста ам
Ошкорои хӯни дил бигушода ам
То ба зулфати дили ниҳон дар баста ам
Пар гиреҳ донист зулфи ту ки ман
Дил ба зулфат ҳар замон дар баста ам
Чун ҷаҳон орой дидам рӯй ту
Чашм аз рӯй ҷаҳон дар баста ам
Нест дар кори туами дилбастагӣ
Зонка дар кори ту ҷон дар баста ам
Гуфтае дар банд бо ман то ба ҷон
Ин чаҳ бошад беш аз он дар баста ам
Гар бисӯзад ҳамчуи хокистари ду кун
Нгслм аз ту чунон дар баста ам
То балоӣ ногаҳон дидам зи ҳиҷр
Рахти риҳлати ногаҳон дар баста ам
Ҳам дил аз аттор фориғ карда ам
Ҳам дар суду зиён дар баста ам