Ту баландии азим ва ман пастам

Чаканам то ба ту расад дастам

То ки сари зери пой ту нануҳум

Нарасм бар чунон ки худ ҳастам

То чунин ҳасте ҳиҷобам буд

Он зи ман буд рахт барбастам

Чун з ҳастӣ хеш нест шудам

Лоҷарам ё на нест ё ҳастам

Гарчи васл ту нест як нафасам

Иштиёқ ту ҳаст пайвастам

Худ ту доне каз иштиёқи ту буд

Дар ду олам ба ҳарчӣ пайвастам

Дӯш ишқат даромад аз дар дил

Ман зи ғайрати зи пои нншстм

Гуфт биншину ҷому ҷам дар даҳ

То зи ҷом ҷамат кунӣ мастам

Гуфтамаш ҷоми ҷам ба дастам буд

Тифл будам з ҷаҳл бишикастам

Гуфт агар ҷоми ҷами шикасти тўро

Дайгарӣ ба аз онат бифиристам

Сахт дармонда будаму оҷиз

Чун шунидам ман ин сухани рустам

Офтобии баромад аз ҷонам

Ман з ҳар ду ҷаҳони буруни ҷустам

Аз баландӣ ки ҷони ман бар шуд

Аршу курсӣ ба ҷумла шуд пастам

Чун шавам ман вароӣ ҳар ду ҷаҳон

Моҳ ва моҳӣ фитод дар шастам

Умр аттор шуд ҳазорон қарн

Чанд гӯйии зи панҷау шастам