Ончии ман дар ишқ ҷонон ёфтам
Камтарини чизҳо ҷон ёфтам
Чун ба пайдое бидидам рӯй дӯст
Сад ҳазорон роз пинҳон ёфтам
Чун ба мардуми ҳам зи хеш ва ҳам зи халқ
Зиндагии ҷони з ҷонон ёфтам
Чун дарафтодам ба пиндори бақо
Дар бақои худро парешон ёфтам
Чун фурӯ рафтам ба дарёии фано
Дар фано дар фаровон ёфтам
То напиндорӣ ки ин дарёии жарф
Нест душвор ва ман осон ёфтам
Сад ҳазорон қатраи хӯн аз дил чакид
То нишони қатрае зон ёфтам
Худ чаҳ баҳраст ин ки дар умрии дароз
Ҳаргизаш на сар на поён ёфтам
Шамъҳои ишқ аз савдои дӯст
Дар дили аттор сӯзон ёфтам