Дӯши дилро дар балое ёфтам

Хона чун мотам сарое ёфтам

Гуфтам эй дил чист ҳол охир бигӯ

Гуфт буи ошноӣ ёфтам

Ҳамчуи гӯйӣ дар хами чавгони ишқ

Хешро на сар на пое ёфтам

Хостам то дили нисор ӯ кунам

Зонка ҷонамро сазое ёфтам

Пеш аз ман ҷон бар ӯ рафта буд

Гарчи ман беҷон Бақоӣ ёфтам

Он бақо аз ҷон набӯд аз ишқ буд

Зонка ишқ ҷон физойӣ ёфтам

Мардуми чашм худаш хонам аз онк

Доимаш дар дида ҷое ёфтам

Гарчи зулф ӯ гиреҳ бисёр дошт

Ҳар гиреҳи мушкил гушойӣ ёфтам

Бо чунон мушкили гушойӣ ҳал нашуд

Ончии ман аз дилрабое ёфтам

Чун ба хӯни хештани бастами сҷл

Ҳар сиришкиро гўоиӣ ёфтам

Чун сҷли бандам ба хӯн чун пеши азин

Аз лаб ӯ хӯн баҳоӣ ёфтам

Ақл аз зулфаши зи бас кондишаҳ кард

Ҳосилаш торикноиӣ ёфтам

Бо даҳонаш то дўчорӣ хӯрд дил

Доимаш дар тангное ёфтам

Дар ҳавоӣ ӯ дили аттор ро

Зарра кардам чун ҳбоиӣ ёфтам