Маро дар ишқ ӯ корӣ фитодаст
Ки ҳар мӯе ба тиморӣ фитодаст
Агар гӯям ки медонад ки дар ишқ
Чигуна мушкилам корӣ фитодаст
Маро гуяд агар донеи вагарна
Чунин дар ишқ бисёре фитодаст
Агар гӯям ҳамаи ғамҳо ба як бор
Насиби ҷон ғмхўорӣ фитодаст
Маро гуяд марои зини ҳеҷ ғам нест
Ҳамаи ғамҳо туро оре фитодаст
Чу хӯнам мебирезӣ зуд башитоб
Ки алҳақ тез бозорӣ фитодаст
Маро чун хӯн бирезӣ зуд бифурӯш
Ки бас наякум харидорӣ фитодаст
Марои ҷонои зи ишқат буд сад бор
Ба сарборӣ кунун борӣ фитодаст
Дили мастам чу мурғи ним бсмл
Ба дом чун ту дилдорӣ фитодаст
Аз он дили даст бояд шасти доим
Ки дар даст чу ту ёрӣ фитодаст
Куҷо ёбад гули васли ту аттор
Ки ҳар дам дар раҳаш хорӣ фитодаст