То рӯй ту қибла назар кардам
Аз кӯии ту каъба дигар кардам
То рӯй ба каъба ту оварадам
Сад гӯнаи суҷуд муътабар кардам
Саргашта шудам ки гирди он каъба
Ҳар лаҳзаи тавоф бештар кардам
Рӯзӣ на ба ихтиёр ме рафтам
Дар дафтари ишқи ту назар кардам
Гӯйӣ ки ҳазор сол ме хондам
То ҷумла ба як нафас зибр кардам
Чун ҷону ҷаҳони худ туро дидам
Ҷон додам ва аз ҷаҳон гузар кардам
Зони рӯз ки пардаи ту ҷон дидам
Сӯрох ба ҷони хеш дар кардам
Бар равзани дил муқӣм бинишастам
Ҷони пеши ту бар миён камар кардам
Чун асли ҳамаи ҷамол ту дидам
Тарки баду неку хайр ва шар кардам
Онгаҳ ки дилам чу офтобӣ шуд
Дар худ ҳама чун фалак сафар кардам
Афсонаи давлат ту ме гуфтанд
Ман сӯхтаи сари зи хок бар кардам
Чун наъраи занон ба майкада рафтам
Ҳам рақси кунони зи пой сар кардам
Чун буии шароб ишқ башнавадам
Худро зи ду кун бехабар кардам
Аттори шикастаро ҳаме ҳар дам
Аз ишқи рахти дуруст тар кардам