Дар сафари ишқи чунон гум шудам

Каз назар ҳар ду ҷаҳон гум шудам

Ному нишонами зи ду олами мҷўӣ

Каз варақи ному нишон гум шудам

Ҳеҷ касам низ набинад дигар

Каз хутувоти тану ҷон гум шудам

Ҷома дарон ашк фишон омадам

Рақси кунони наъраи занон гум шудам

Чун ҳама аз гум шудагӣ омаданд

Гум шудагии ҷустам аз он гум шудам

Бори амонат чу гарон буду саъб

Ман сабк аз бори гарон гум шудам

Гум шудам ва гум шудам ва гум шудам

Худ чаҳ шиносам ки чаҳ сон гум шудам

Сояи як зарра чаҳ сон гум шавад

Дар бар хуршеди чунон гум шудам

Баҳри шғбнок чу гашти ошкор

Бар сифати қатраи ниҳон гум шудам

Қатра бидам баҳр ба ман боз хӯрд

То хабарами бад ба миён гум шудам

Шуд ҳамагӣ ҳастӣ аттор нест

То зи миёни ҳамагон гум шудам