Бо ин дил бехабар чаҳ созам

Ҷон май сўздм дигар чаҳ созам

Аз дасти дил аўФтодаҳам хор

Чун хоки бадари бадар чаҳ созам

Баси ҳила ки кардам ва наомад

Як ҳилаи коргар чаҳ созам

Ҷоно накунӣ ба ман назари ту

КоФтодаҳам аз назар чаҳ созам

Каси ҷузи ту хабар надорад аз ман

Пас май пурсӣ хабар чаҳ созам

Гуфтӣ ки зи сабри тӯшае соз

Чун умр омад ба сар чаҳ созам

Сабрам қадре ғамат қазоӣ аст

Гар созами азин қадар чаҳ созам

Гуфтӣ ба магӯӣ сари ишқам

Дар маърази ин хатар чаҳ созам

Гирам ки забон нигоҳ дорам

Бо ин рухи ҳамчуи зар чаҳ созам

Вар рӯй ба ашки хӯни напушам

Бо сӯхтани ҷигар чаҳ созам

Гуфтӣ ки Фариди чорае соз

На чора на чорагар чаҳ созам