Хешро чанд зи андеша ба сари гардонам

Вази таҳайюри дили худ зеру зибри гардонам

Дили ман сӯхтаи ҳайрат гӯногӯн аст

То кӣ аз фикрати худ сӯхтатар гардонам

Чун дарин роҳ ба як мӯӣ хатар нест маро

Пас чаро хотири худ гирди хатари гардонам

наменаёяд зи ҷаҳони ҳам нафасӣ дар назарам

Гарчи бисёр з ҳар сӯии назари гардонам

Чун зи дилтангӣу ғам дар ҷигарам об намонад

Чанд бар чеҳраи зи ғами хӯни ҷигари гардонам

Нест дар мазҳаби ман ҳеҷ ба аз танҳоӣ

Гар басӣ бингараму масаълаи баргардонам

Нони хушкам буд вагар ба такаллуф бузем

Аз ду чашм об бирав резам ватар гардонам

Оре эй дӯст ба ҷузи дона худ натавон хӯрд

Хешро фии алмисл ар мурғ биппар гардонам

То кӣ аз ғуссау ғами ғуссау ғам эй аттор

Сари фурӯи пӯш ки саргаштау саргардонам