Зон пеш ки будҳо набӯдаст

Буд ту зи мо ҷудо набӯдаст

Чун буд ту буд буд мо буд

Кӣ буд ки буд мо набӯдаст

Гар буд ту буд буд мо не

Мавқуфи ту бад чаро набӯдаст

Мо бар дар ту чу хок будем

На об ва на гул ҳаво набӯдаст

Дар садр муҳаббатат нишондем

Зон пеш ки ҳарф ло набӯдаст

Дарёии ту ҷӯш сар баровард

Пар шуд ҳамаи ҷо ва ҷо набӯдаст

Аттори заъифро дили риш

Ҷузи дарди ту ба даво набӯдаст