Аз ишқ дар андаруни ҷонам
Дардӣаст ки марҳамӣ надонам
Бе рӯй касе ки кас надид аст
Хуноба гирифт дидагонам
Аз бас ки нишон аз ту биҷустам
На ном бимонад ва на нишонам
Гӯйанд ки сабр кун валикин
Чун сабр намонад чун тавонам
Ҷоно чу ту аз ҷаҳони бурунӣ
Ҷони гиру бурун бар аз ҷаҳонам
Зини мзлми ҷои хонаи дев
Бирасон ба бақои ҷовдонам
Бе ту нафасӣ ба ҳар ду олам
Зиндаи бнмонм ар бимонам
То ишқи ту дар навишт лавҳам
Монанди қалам ба сари давонам
Аттор ба сабри тани фурӯи даҳ
То илм яқин шавад аёнам