Зуҳра надорам ки саломат кунам

Чун тамаъи васл мудомат кунам

Гарчи ҷавобам надиҳӣ ин бисми

Чун шинавии ту ки саломат кунам

Чун натавонам ки ба гирдати расм

Гирд ба гирд дар ва бомат кунам

Мурғи ту ҳаллоҷ сазад ман кӣм

То ҳаваси ҳалқа домат кунам

Хок шудам то нафаси хеш ро

Ҳам нафаси ҷуръа ҷомат кунам

Гар ба ҳисомам бикашӣ нақди ҷон

Пешкаши захм ҳисомат кунам

Нест марои дили вгрми сад буд

Сӯхтаи ваъда хомат кунам

Як шукрат хоста ам гуфта Эй

Май талабами боз ки вомат кунам

Гарчи ҳалоласт туро хӯни ман

Гар надиҳӣ бӯса ҳаромат кунам

Чун ҳамаи хӯбии ҷаҳон вақф туаст

Гунг шудам васф кадомат кунам

Хутбаи ҷонам чу ба ном ту рафт

Сиккаи тан низ ба науммат кунам

Не ки танӣ нест ду ман устихонаст

Пеши саги кӯй ғуломат кунам

Машки ҷаҳонгар ҳама аттор дошт

Вақфи хати ғолия фомат кунам