Қиссаи ишқи ту аз бар чун кунам

Васлро аз ваъдаи бовар чун кунам

Ҷон надорам , бори ҷонон чун кашам

Дил надорам , қасди дилбар чун кунам

Ҳалқаи зулфи туам чун банд кард

Мондаам чун ҳалқа бар дар чун кунам

Чун ту хуршедӣ ва ман чун соя ам

Хешро бо ту баробар чун кунам

Гуфтае ту пой сар кун дар раҳам

наменадонам пой аз сар чун кунам

Гуфта будӣ азм ман кун мрдўор

Бардаам сад бори кайфар чун кунам

Азм кардам васли ту ҷонам бсухт

Мондаам бе азми музтар чун кунам

Чун надорад заррае васли ту рӯй

Васл рӯй ту муяссар чун кунам

Киштии умрам ба ғарқоби аўФтод

Муфлисам аз сабри лангар чун кунам

Чашм бикшодам ки байнам рӯй ту

Гашти чашмами ғарқи гавҳар чун кунам

Лаби кушодам то кунам васфи ту шарҳ

Нест он кори суханвар чун кунам

Гуфтае брдўзи чашм ва лаб бабанд

Чун на хушкам монад ва натар чун кунам

Рӯҳ май хоҳӣ барои як шукр

Он иваз бо ин муҳақар чун кунам

Гуфтаам сад бораи тарки рӯҳи хеш

Чун ту ҳастӣ рӯҳпарвар чун кунам

Чун ба як дастами ҳамеи дории нигоҳ

намезем аз дасти дигар чун кунам

Ҳаргиз аз аттор ҳарфӣ нашнавӣ

Қиссае бо ту муқарар чун кунам