Оташи ишқи ту дар ҷон хуштар аст
Ҷони зи ишқати оташи афшон хуштар аст
Ҳар ки хӯрд аз ҷоми ишқати қатра Эй
То қиёмати масту ҳайрон хуштар аст
То ту пайдо омадӣ пинҳон шудам
Зонка бо маъшӯқи пинҳон хуштар аст
Дарди ишқи ту ки ҷон май сўздм
Гар ҳама заҳраст аз ҷон хуштар аст
Дард бар ман рез ва дармонам макун
Зонка дарди ту зи дармон хуштар аст
наменасозӣ то наме сӯзии маро
Сӯхтан дар ишқи ту зон хуштар аст
Чун висолати ҳечкасро рӯй нест
Рӯй дар девори ҳиҷрон хуштар аст
Хушки соли васли ту байнами мудом
Лоҷарам дар дидаи тӯфон хуштар аст
Ҳамчуи шамъӣ дар фироқат ҳар шабӣ
То саҳари аттори гирён хуштар аст