Мо май аз коси саодат хӯрда ем

Дар азали чандин сабӯҳӣ карда ем

Бо ғизоӣ хок натавонем зист

Мо ки шурби рӯҳи қудсӣ хӯрда ем

Ор аз он дорем азин олам ки мо

Дар канори қудсён парварда ем

То ки меҳри меҳр ӯ бар ҷон задем

Нақши ғайр аз лавҳи дил бстрдаҳ ем

Ҳар ки ин бовар намедорад зи мо

Гӯи биё инак баён оварда ем

Аз буруни пардаи моро кас надид

Зонка мо дар андарун парда ем

Гарчи атторему буии хуши диҳем

Хештанро ба з кас нашимурда ем