Дар чаҳ тилисмаст ки мо монда ем

Бо ту ба ҳам вази ту ҷудо монда ем

Не ки туе ҷумла ва мо ҳеҷ на

Мондаи туе мо зи куҷо монда ем

Аз ҳамаи маънӣ чу туе ҳарчӣ ҳаст

Пас ба чаҳ маънии ман ва мо монда ем

Ришта чу яктост дар аслӣ ки ҳаст

Пас з барои чаҳ дўто монда ем

Чун ту сазовори вуҷӯдӣу бас

Мо на ба ҳақ на ба сазо монда ем

Чун ҳамаи ту мо ҳамаи ҳеҷ омадем

эй ҳамаи ту ҳеҷ чаро монда ем

Чун ҳама на бо ту ва на бе тӯйем

На ба бақо на ба фано монда ем

Дар хами чавгони сари зулфи ту

Гӯии сифат бесару по монда ем

Пок кун аз мо дили мо зонка мо

Сӯхтаи хавфу раҷо монда ем

Мо чу Фаридем на нек ва на бад

Каз ду ҷаҳони фарди туро монда ем